бехудӣ — [بيخودي] 1. аз худ бехабарӣ; шӯридагӣ, изтироб 2. беҳушӣ, мадҳушӣ; беҳоливу бемадорӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мадҳуш — [مدهوش] а 1. азҳушрафта, беҳуш 2. ҳайрон, мутаҳайир: мадҳуш кардан беҳуш кардан, бехуд кардан; мадҳуш шудан а) аз ҳуш рафтан, беҳуш шудан, бехуд гаштан; б) ҳайрон шудан, моту мабҳут шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
олам — [عالم] а 1. ҷаҳон, дунё 2. муҳит, вазъият, шароит; ҳолат; дар олами бехудӣ дар шароити (ҳолати) бехудӣ; олами ислом кишварҳое, ки пайравони дини ислом он ҷо зиндагӣ мекунанд: олами наботот, олами ҳайвонот ; дар олами худ ба фикри худ, дар хаёли… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бехабар — [بي خبر] 1. он ки аз чизе ё коре огоҳӣ надорад; беиттилоъ, ноогоҳ; ғофил, дар ғафлатмонда, ғафлатзада; бехабар мондан ғофил мондан; нофаҳмида мондан, надониста мондан; бехабар намондан аз касе аз аҳволи касе воқиф будан, аҳволи касеро хабар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бехештан — [بي خويشتن] кит. бехуд, азҳолрафта … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беҳуш — [بي هوش] 1. азҳушрафта, мадҳуш, беҳис, бехуд: беҳуш афтодан, беҳуш хобидан, беҳуш шудан 2. гуфт. парешонхотир, фаромӯшхотир … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беҳушӣ — [بي هوشي] 1. ҳолати аз ҳуш рафтан, бехудӣ, беҳиссӣ 2. гуфт. парешонхотирӣ, фаромӯшхотирӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ваҷд — [وجد] а. бехудӣ аз хурсандӣ, ғояти шавқу шодӣ, завқ; бо ваҷди тамом бо шавқу завқи бениҳоят, бо эҳсосоти баланд; ба ваҷд омадан худро гум кардан аз ғояти шавқу завқ, ба ҳаяҷон омадан, рӯҳбаланд шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гумгурс — [گم گرس] :гумгурс афтодан бехуд шуда, якбора афтодан (аз беморӣ ё беҳолӣ) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғаш — I [غش] а 1. беҳушӣ; бехуд шудан аз шиддати хашм, асабоният; ғаш кардан аз ҳуш рафтан; ғаш карда гиристан сахт ва беист гиристани кӯдак 2. хиратабъӣ, гирифтагии хотир; парешон, хавотир: дили касе ғаш будан; … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ